Шумори умумии аҳолии Тоҷикистон, ки то ҳол ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд, 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои Вазорат, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини навбунёд, ки бо назардошти афзоиши шумори аҳолӣ сохта шудаанд, аз дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳруманд.

“Бо назардошти релйефи маҳал, мавқеи ҷуғрофии дур аз шабакаҳо – ВМКБ ва маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Хатлони ҳаммарз Афғонистон минтақаи бештар душвор барои таъмин бо нерӯи барқ мебошанд”, - қайд мекунанд дар Вазорат.

Баъзе маҳаллаҳои дигари аҳолинишини маҳрум аз дастрасӣ ба нерӯи барқ ба шабакаи марказии ҳудуди хизматрасонии “Барқитоҷик” нисбатан наздиктар ҷойгиранд.

“Пайвастани онҳо ба шабака ба вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” вобаста аст, ки айни замон ба мушкили молӣ дучор аст”, - таъкид мешавад дар маълумот.

Зикр мешавад, ки ҳукумат Барномаи солимгардонии ваъъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик”-ро таҳия намуда, он ба самаранокии фаъолият ва беҳбуди вазъи молиявии ширкат нигаронида шудааст.

“Барои маблаггузорӣ ба ин барнома ҳукумат бо дархост ба Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд муроҷиат кард”, - илова мешавад дар маълумоти Вазорат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.