Рӯнамои маҷмӯаи шуарои ҷавони тоҷик бо номи “Шоири як шеър” 10-уми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳузури аҳли адаб баргузор шуд.
Ин маҷмӯа фарогири аксу тарҷумаи ҳол ва якшеърӣ аз 37 эҷодкори ҷавони тоҷик мебошад. Он бо иқдоми раиси Фарҳангистони шеъри ҷаҳон Гулрухсор ва шоиру адабиётшиноси маъруф Рустами Ваҳҳоб рӯйи чоп омадааст.
Муҳаррири ин маҷмӯа Рустами Ваҳҳоб ба Asia-Plus гуфт: “Шоири як шеър” тарҳи бисёр таваҷҷуҳбарангез аст, ки бо фароҳам овардани ашъори чандин нафар аз ҷавонони нисбатан муваффақ дар шеъри имрӯз чароғи сабзеро дар роҳи ояндаи шеъри тоҷик равшан карда, ба мо ва соҳибони ин ашъор умедворӣ эҳдо мекунад”.
“Шоирони ҷавони имрӯз аксар аз фанни шеър огоҳии хуб доранд. Бисёре аз онҳо дар баробари шеър машғул ба пажӯҳиши адабӣ ва дифоъи рисолаҳои илмии худ ҳастанд. Яъне аз захираи муносиби маърифати адабӣ бархурдоранд”, - афзуд ӯ.
Дар ин маҷмӯа шеърҳои Сурайё Ҳакимова, Бузургмеҳри Баҳодур, Саид Ризо, Бобаки Суғдӣ, Шаҳриёр Олимӣ, Баҳроми Раҳматзод, Шобегим Маликшоева, Фирдавси Аъзам ва дигарон гирдоварӣ шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бойцов из Таджикистана ждут новые поединки: кто и с кем?
Таджикистан и Италия подписали Соглашение об отмене виз для владельцев дипломатических паспортов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 апреля 2024 года
Британия выделяет на помощь Украине полмиллиарда фунтов и передает крупнейший пакет военной помощи
Таджикистан и Узбекистан договорились о транзитном проезде грузовиков через свои территории без разрешений
Чем Нурек очаровал Дэвида Кэмерона
Убийство Салтанат Нукеновой в Астане: Бывшая супруга рассказала о браке с Бишимбаевым
В Казахстане похитили свыше $2 млн, выделенных на содержание дамб
УМВД: В Душанбе 13-летний мальчик покончил жизнь самоубийством, бросившись с 16 этажа
Глобальный порядок, экономика и образование: о чем Кэмерон приехал говорить с лидерами ЦА?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста