Аз таъсири ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон ва болоравии қурби доллар дар Тоҷикистон, нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври назаррас тағйир ёфтанд.

Масалан, нархи картошка аз 3.80 сомонӣ то ба 4.80 сомонӣ ва пиёз аз 2.50 то 4 сомонӣ боло рафт.

Арзиши як кило гӯшт аз 48 сомонӣ то ба 53 сомонӣ ва  як литр равғани рустанӣ аз 10 сомонии пешина то ба 13 сомонӣ расид.

Нархи орд, ки 225 сомонӣ аст (қаблан – 220 сомонӣ барои 50 кило) ва шакар 7 сомонӣ барои як кило қариб дар сатҳи пештара боқӣ мондаанд.

Чаро нархҳо боло мераванд?

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то 25-уми март дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале бо вуҷуди ин, қисме аз аҳолӣ хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти мавриди ниёзи аввал – орду шакар, пиёзу картошка, равған ва ғайра захира мекунад ва ин боис мешавад, ки савдогарон нархи ин маҳсулотро боло баранд.

Илова бар ин, ҷумҳурӣ ба воридоти маҳсулот вобаста буда, ҳама гуна тағйирот дар қурби асъори хориҷӣ ба нархи бозор таъсир мерасонад.

Ба ин тариқ, рубли русӣ дар Тоҷикистон беқурб шуда, дар ҳошияи поинравии нархи нафт ва қурби асъори Русия, қурби доллар ба таври начандон зиёд боло рафтааст.

Ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 долларро 10,2 сомонӣ муқаррар кард. Қурби 1 рубл 26-уми март 0,1285 сомониро ташкил дод. Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ тайи ду ҳафтаи охир ба андозаи 8,3% поин рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.