Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бо хатсайри махсуси тиҷоратӣ рӯзи 25 март соати 18:45 бо 206 нафар шаҳрвандони Русия ба Маскав парвоз кард. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар парвози бозгашт аз фурудгоҳи Домодедово наздики 200 нафар, аз ҷумла, 132 мусофири хатсайри ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр”, ки бояд ба Тоҷикистон парвоз мекарданду бинобар қатъи парвозҳои байнулмилалӣ ба кишвар, дар фурудгоҳи Внуково монда буданд, ба Душанбе оварда шуданд.
Дар маълумоти сафорат қайд мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр” интиқоли мусофиронро аз фурудгоҳи Внуково ба фурудгоҳи парвоз – Домодедово аз ҳисоби худаш таъмин кардааст.
Тавре “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе огаҳӣ ёфт, рӯзи 26-уми март иҷрои парвоз бо хатсайри махсус ба Маскав пешбинӣ нашудааст.
Айни замон масъалаи 27-уми март аз ҷониби ширкати “Тоҷик Эйр” анҷом додани парвози махсус ба Маскав баррасӣ мешавад.
Аммо ҳукумати Русия дар бораи қатъи парвозҳо бо хатсайри кишварҳои хориҷӣ қарор қабул кард. Аз ин рӯ, иҷро шудани парвоз бо ин хатсайр ҳоло дақиқ маълум нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе состоится конференция женщин журналисток
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
МВД Таджикистана приглашает граждан стать мобильными журналистами для борьбы с преступностью
«Хотел освободить парня от службы». Замглавы Шахритуса задержан за взятку в 5 тысяч сомони
Против участников конфликта в Гиссаре, попавшего на видео, составлены протоколы
Мосгорсуд признал законным арест фигуранта дела о теракте в "Крокусе"
Запуск первого прямого авиарейса из Таджикистана в Грузию!
17-летний юноша погиб в результате удара молнии в Согдийской области
Комитет по туризму Таджикистана: Риск чумы в Саратоге минимален, но меры безопасности не исключаются
В Иране к смертной в казни приговорен популярный рэпер Томадж Салехи
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста