Роспотребнадзор рӯзи 25 март 210 адад маҷмӯаи тест-низоми истеҳсоли Русияро барои ташхиси коронавируси COVID-19 дар шароити озмоишгоҳ (лаборатория) ба Тоҷикистон тақдим кард. Ин миқдор тест-низомҳо барои баргузории 21 ҳазор таҳқиқот ҷиҳати муайян кардани ҷой доштани вирус пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин маҷмӯи реагентҳои зарурии омодагӣ ба озмоиш ба Тоҷикистон дода шудааст. Субҳи 26-уми март ин тест-низом ва реагентҳо ба Тоҷикистон оварда шуданд.

“Русия кӯшишҳои Тоҷикистонро дар муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус дастгирӣ мекунад, - таъкид дошт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов. - Дар чунин шароит Русия тасмим гирифт, як миқдор тест-низомҳои ташхисро, ки аз ҷониби мутахассисони мо таҳия шудаанд, ба Тоҷикистон диҳад. Умедворем, ки онҳо ба шарикони тоҷики мо дар пешгирии паҳншавии COVID-19 дар қаламрави кишвар кумак мекунанд”.

Чанде пеш Русия ба кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳудуди 800 маҷмӯаи тест-низомҳои шакли навро барои ташхиси коронавирус дар озмоишгоҳ (лаборатория) дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.