Дар қаламрави вилояти Хатлон 119 мактаби таҳсилоти миёна дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд. Ин маълумот имрӯз, 30-юми июл зимни нишасти матбуотии Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон баён шуд.

“Аз ин шумора 70 мактаб дар минтақаи Кӯлоб ва 59 адади онҳо дар минтақаи Бохтар мебошанд. Дар ин мактабҳо 56 ҳазору 332 нафар хонандагон таҳсил мекунанд”, - гуфт масъули ин ниҳод Вафо Ашуров.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки барои кӯчондани ин мактабҳо ба мавзеъҳои бехавф маълумоти зарурӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод шудааст. Бо фароҳам омадани шароит онҳо мувофиқи нақша давра ба давра кӯчонида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 21-уми март бар асари омадани сел дар баробари хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон дар ҷамоати ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 осеб дида буд. Ҳамчунин мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар ҳамин ҷамоат бар асари омадани сели рӯзҳои 14-16 майи соли равон пурра хароб шуд. Тибқи дастури сарвазири Тоҷикистон ин мактаб бояд дар ҷойи бехавф аз нав сохта шавад.

Дар маҷмӯъ, тӯли шашмоҳаи аввали соли равон 3 офати табиӣ дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 3 кас фавтида, ба хоҷагии халқи вилоят ба маблағи 8 миллиону 218 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.