Абдувалӣ Қушматов, прпофессори таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баъд аз зуҳри имрӯз, 15-уми декабр бар асари беморие, ки дошт дар синни 71-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум хабар медиҳанд.

Ҷанозаи профессор Қушматов, фардо, 16-уми декабр, соати 10.00 дар зодгоҳаш, деҳаи Мулломири ноҳияи Ашти вилояти Суғд баргузор мешавад.

Профессор Қушматов соли 1950 дар ноҳияи Ашт ба дунё омада, риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1969 хатм карда буд.  Пас аз хатми донишгоҳ тадриси таърихро дар  кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултаи таърихи ин донишгоҳ оғоз мекунад.

Абдувалӣ Қушматов рисолаи номазадии худро дар мавзуъи «Заминдории вақфи шимоли Тоҷикистон дар соли 1870-1917» ва рисолаи докториро дар мавзӯи: «Деҳқонони тоҷик дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ (солҳои 1867-1917)» дифоъ мекунанд.

Ин таърихдон ва омӯзгори ботаҷриба то поёни умри худ дар кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯёни дарс мегуфтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.