Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фониди корҳои ҷамъиятии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои корӣ дастур дод, ки дар самти ҷалби васеи шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус манотиқи дурдасти деҳот аз тадбирҳои муассиру густарда кор гирад.

Бино ба маълумоти портали Podrobno.uz, зери мафҳуми корҳои ҷамъиятӣ - ободониву сабзгардонии маҳаллаҳои аҳолинишин, тозакунии ҷуйборҳо ва шабакаҳои обёрӣ, таъмири иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ, беҳбуди зербино, таъмири кӯчаву роҳҳо, иншооти фонди манзил ва қаламрави фарогири он, ҳамчунин корҳо дар бахши кишоварзӣ дар назар дошта мешавад.

Ҷалби бекорон баҳри амалисозии ин тадбир аз 1 октябр ба сифати озмоиш дар яке аз ноҳияҳои Қарақалпоқистон, ҳар кадоме аз вилоятҳо ва Тошканд сурат гирифта, аз 1 январи соли 2018 ин таҷриба марҳила ба марҳила дар тамоми шаҳри навоҳии ҷумҳурӣ мавриди амал қарор мегирад.

Вазорати молияи Ӯзбекистон ба фонд ҷиҳати ташкил ва роҳандозии корҳои ҷамъиятӣ соли 2017 - 84 млрд. сӯм ва соли 2018 - 714 млрд. сӯм маблағ ҷудо мекунад.

Шахсони ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалбшуда аз пардохти андози даромади шахсони воқеӣ, ки ин даромадашонро аз фонд мегиранд, озод карда мешаванд. Даромадҳо ба сифати пардохти кори шахсони воқеӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои фонд ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд, аз рӯи пардохти ягонаи иҷтимоӣ андозбандӣ намешаванд.