Дар Туркманистон мардоне, ки камтар аз 30 сол доранд, аз сафари хориҷа маҳрум шуданд. Дар ин бора сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои як манбаъ бо такя ба Хадамоти муҳоҷирати вилояти Дашоғуси ин кишвар, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти сокинон рӯи даст гирифта шудааст.

"Як дӯсти 27-солаи маро, ки нияти ба хориҷ рафтанро дошт, ба хадамоти муҳоҷирати минтақавӣ даъват карда, билеташро аз дасташ гирифтанд. Ба вай гуфтанд, ки бар асоси фармони нав, мардони то 30-сола ба хориҷ аз кишвар рафта наметавонанд", - гуфт манбаъ аз вилояти Дашоғус.

Ба гуфтаи вай, ба чанд ҷавон харҷи билетҳояшонро баргардонидаанд. Давоми чанд моҳи охир ҳолатҳои монеъ шудан аз сафари сокинон ба хориҷи кишвар дар Туркманистон борҳо ба мушоҳида расидааст.

Ба шаҳрвандони ин кишвар ба хусус сафар кардан ба Туркия манъ мешавад. Ҳамчунин мақомоти Туркманистон давоми моҳҳои охир талош кардаанд, ки мардикорон ва донишҷӯёни туркманро аз хориҷа баргардонад.