Бакитҷон Ҷаксалиев, муовини вазири энергетикаи Қазоқистон бо гумони фасодкорӣ боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бо истинод ба Агентии умури хизмати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Қазоқистон, Нурлан Жахин, як масъули ниҳоди мазкур гуфтааст, Ҷаксалиев дар соли 2015 қонуншиканӣ кардааст.

Гуфта мешавад, вай аз мақоми давлатиаш сӯистифода карда, манфиатҳои ширкати пудратчии "Аймак ва К"-ро бароварда сохтааст. Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, Ҷаксалиев ба ин тартиб, ба давлат бештар аз 2,5 миллион доллар зарар овардааст.

"Ҷаксалиев санадҳои иҷрошавии корҳоро ба маблағи 863 миллион танга имзо кард, дар ҳоле, ки медонист ин нишондод аз арзиши аслӣ 30 маротиба бештар аст", - изҳор доштааст Нурлан Жахин.

Зимнан хотиррасон мешавад, ки Бакитҷон Ҷаксалиев аз соли 2014 ба ин тараф муовини вазири энергетикаи Қазоқистон аст.