Дар постгоҳи назорати “Ойбек” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 200-250 мошинҳои боркаш ҷамъ омадаанд. Дармондани мошинҳои боркаши бузургҳаҷм (фура) бар асари он ба амал омадааст, ки ба ронандагон лозим меояд чандин рӯз натиҷаи тест аз COVID-19-ро интизор шаванд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” иттилоъ медиҳад.

Барои ғизо дар ин ҷо тақрибан 100 ҳазор сӯм (наздики 10 доллар) дар як рӯз сарф шуда, пули ронандагоне, ки як ҳафта боз дар инҷоянд, ба охир мерасад. Ғайр аз ин, ронандагон маҷбуранд, ки дар кабинаҳо шабро рӯз кунанд ва вақте ҳаво беҳад гарм мешавад, дар дохили он будан ғайриимкон мегардад.

Дар ин мавзеи наздисарҳадӣ мошинҳои калонҳаҷми боркаш бо рақамҳои кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, Қирғизистону Русия ва Туркия ба мушоҳида мерасанд.

Мошинҳои боркаш дар сарҳад

Яке аз ронандагон изҳор доштааст, ки қаблан натиҷаи тестҳо дар муддати 12 соат ё дертараш дар зарфи 1 шабонарӯз муайян карда мешуд, лекин ҳозир он хеле  тӯл мекашад (3-4 рӯз ва зиёдтар).

Ҳафтае қабл намояндаи ситоди мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон Ҳабибулло Оқилов изҳор дошт, ки пештар натиҷаҳои тест дар мудати 5-6 соат муайян карда шуда, ҳрзир барои ин аз 1-2 рӯз то 1 ҳафта мунтазир шудан лозим меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.