Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз дар нишасти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар шакли видеоконфронс иштирок мекунад, менависад kun.uz.

Дар кори конфронс сарони кишварҳои узви ИИАО - Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон, инчунин кишвари нозири Иттиҳод - Молдова ва кишвари даъватшуда - Куба ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, яке аз масъалаи меҳварии рӯзномаи нишаст ба Ӯзбекистон додани мақоми давлати нозир дар Иттиҳод мебошад.

Дар назар аст, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханрониаш дар нишаст самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобилан судмандро дар доираи Иттиҳод шарҳ хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли равон Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод дар бораи иштироки кишварро дар фаъолияти ИИАО ба сифати нозир маъқул донист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.