Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар як иттилоияи худ доруи зиддивирусии Рутанро, ки бар асоси растании Rhus coriaria Totum (сумах, тотум) таҳия шудааст, ягона доруи самаранок зидди вируси SARS-COV-2 номидааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана.

Дору аз ҷониби Пажуҳишгоҳи кимиёии биоорганикии Академияи илмҳои Ӯзбекистон таҳия шудааст (www.biochem.uz).

Озмоиши дору дар пойгоҳи беморхонаи махсуси бузургтарин дар Ӯзбекистон - Зангиота (вилояти Тошканд) гузаронида шуда, дар натиҷа ба истифодаи дору зимни беморҳои вазнини миёнаи аз COVID-19 пайдошуда ва илтиҳоби шуш бо осеби 30%, инчунин ҳамаи штаммҳои зуком иҷоза шуд.

Айни замон дору дар корхонаи муштараки China-Uzbekistan Medicine Technical Park ва ширкати Radik истеҳсол мешавад. Арзиши як давраи муолиҷа ҳудуди 100 ҳазор сӯм (9,5 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар Академияи илмҳои Ӯзбекистон таъкид кардаанд, ки доруи Рутан комилан бехатар буда, илова бар ин, воситаи пурсамари зиддиоксидантӣ ва зиддигипоксантӣ мебошад.

Ба истифодаи доруи Рутан дар тибби Ӯзбекистон аз соли 2015 иҷоза дода шудааст. Нахуст онро дору аз зуком арзёбӣ мекарданд. Тобистони соли гузашта, замони авҷи пандемия зикр гардид, ки Рутан ба коҳиши таъсири вируси SARS COV-2 ба андозаи 78,3% қодир аст. Онро ҳатто ба сифати кумаки башардӯстона ба Эрон фиристода буданд.

Қобили зикр аст, ки тайи ҳафтаҳои ахир шумори сироят аз коронавирус дар Ӯзбекистон меафзояд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар кишвар 326 ҳолати нави сироятёбӣ, зиёда аз 200 ҳолат дар Тошканд ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.