Дар бозии даври сеюми мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олой» (Қирғизистон) дар гурӯҳи «D» футболбозони тоҷик ба пирӯзӣ даст ёфтанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи душанбегиҳо анҷом ёфта, тӯби ягонаро дар дақиқаи 48-ум Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи 11-метра ба нишон расонд.

Бозии дигари гурӯҳи «D» байни дастаҳои «Аҳал» ва «Олтин Асир» (ҳарду даста аз Туркманистон) мусовӣ - 0 бар 0 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ баъди се вохӯрӣ дар гурӯҳи «D»  дастаи «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз зинаи якум, «Олтин Асир» бо 5 имтиёз - дар зинаи дуюм, «Аҳал» бо 4 имтиёз - дар зинаи сеюми ҷадвал қарор доранд. «Олой» то ҳол ягон имтиёзе нагирифта, дар мақоми охир қарор дорад.

Бозиҳои даври чоруми Ҷоми КФО дар гурӯҳи «D» рӯзи 25 апрел баргузор мешаванд. «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Олой» бозӣ карда, «Олтин Асир» дар майдони худ «Аҳал»-ро қабул мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Марказӣ 7 март оғоз гардида, 16 май ба итмом мерасад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба марҳилаи минбаъда роҳхат мегирад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ, бозиҳои нимфиналӣ ва финалии байниминтақавӣ доир гардида,  санаи 27 октябр бозии финалӣ баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.