Тоҷикдухтари машғули варзиш дар соҳаи таэквондо Моҳрӯ Ҳалимова ба дарёфти медали биринҷии Чемпионати XXIII Осиё (вазни то 73 кило) дар Ветнам ноил гардид, ки ягона медали мунтахаби Тоҷикистон буда, дар ҳисоби даставӣ мақоми 10-умро ишғол намуд.

Ёдрас мекунем, ки дар чемпионати пешини Осиё мунтахаби Тоҷикистон ду медал ба даст оварда буд - Моҳрӯ Ҳалимова ба медали нуқра ва Фарҳод Неъматов (вазни 87 кило) ба медали биринҷӣ сазовор гардида буданд.

Пас аз анҷоми мусобиқа Моҳрӯ дар саҳифааш дар Фейсбук изҳор намудааст, ки: «Ба туфайли мураббиям, ки маро ба ин мусобиқа фиристод, имрӯз дар шаҳри Ҳошимин ман медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст вардам. На федератсияву на кумита ва на кумитаи олимпиву на мактаби олии таэквондо, ки ба он шомил ҳастам, тайи солҳои охир барои омодагии ман ягон сомонӣ сарф накардаанд».

Моҳрӯ Ҳалимова мегӯяд, пеш аз чемпионат фаҳмидааст, ки номаш дар рӯйхати дастаи мунтахаб нест ва аз ин рӯ, худаш мустақилона бидуни мураббӣ ба Ветнам роҳ пеш гирифта, то як рӯзи вазнкашӣ ба ин вишвар расидааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки варзишгарони дигар кишварҳо барои мутобиқшавӣ ба обуҳаво як ҳафта пеш ба ин ҷо омадаанд.

«Ба дастаи Афғонистон ва шахсан мураббии он барои дастгириву кумакашон ба ман минннатдорӣ изҳор мекунам», - навиштааст Ҳалимова дар шабакаи иҷтимоӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.