Дар шаҳри Бангкоки Таиланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар арафаи анҷомёбист.

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар қувваозмоии финалӣ дар вазни 64 кило бар муштзан аз Муғулистон Чинзогир Баатарсух дастболо шуда, медали тиллои мусобиқа ва унвони чемпиони Осиёро ба даст овард.

Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буда, сипас дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу ва дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғалаба кард. Дар қувваозмоии даври нимфиналӣ муштзани тоҷик бар варзишгари соҳибтаҷрибаи Қазоқистон Саматалӣ Толтаев дастболо шуд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар Таиланд Тоҷикистонро Шермуҳаммад Рустамов,  Сомон Ҳабибов, Баҳодур Усмонов, Мирзомуҳаммади Бахтиёр, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, ҳамчунин байни занон Сумайя Қосимова, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Идимоҳ Холова ва Нилуфар Бобоёрова намояндагӣ карда, ба дарёфти зинаҳои аввал ва ҷоизаҳои мусобиқа ноил гардида натавонистанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Чемпионати пешини Осиё оид ба бокс соли 2017 дар Тошканд муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.