Дар шаҳри Бангкоки Таиланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон ҷараён дорад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кило миёни мардҳо ба даври финали ин мусобиқа роҳ ёфт.

Гуфта мешавад, Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буда, сипас дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу ва дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғалаба кард.

Дар қувваозмоии даври нимфиналӣ муштзани тоҷикбар варзишгари соҳибтаҷрибаи Қазоқистон Саматалӣ Толтаев дастболо шуда, акнун медали нуқраи мусобиқаро барои худ таъмин кард. Дар даври финалӣ, ки имрӯз 26 апрел доир мегардад, Баҳодур Усмонов бо муштзани Муғулистон Чинзогир Баатарсух қувваозмоӣ мекунад.

Ғалабаи Баҳодур Усмонов
Сурат: КМО ҶТ

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар Таиланд Тоҷикистонро Шермуҳаммад Рустамов,  Сомон Ҳабибов, Баҳодур Усмонов, Мирзомуҳаммади Бахтиёр, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, ҳамчунин байни занон Сумайя Қосимова, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Идимоҳ Холова ва Нилуфар Бобоёрова намояндагӣ карда, ба дарёфти зинаҳои аввал ва ҷоизаҳои мусобиқа ноил гардида натавонистанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Чемпионати пешини Осиё оид ба бокс соли 2017 дар Тошканд муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.