Дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедереатсияи футболи Осиё (КФО)-2019 дар шаҳри Хуҷанд бозии ду дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳ доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи дастаи “Истиқлол”, қисми якуми бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ва қисми дуюм - 1 бар 1 анҷом ёфта, ҳамин тариқ футболбозони Хуҷанд бо ҳисоби ниҳоии 3 бар 2 бар душанбегиҳо дастболо шуданд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи “D” дастаи Олтин Асир”-и Туркманистон дар майдони худ тими “Дордой”-и Қирғизистонро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод.

Ҳамин тариқ, пас аз давраи панҷум ҷойи дастаҳо дар гурӯҳи “D” тариқи зайл аст: 1. “Олтин Асир” - 9 имтиёз; 2. “Истиқлол” - 7 имтиёз; 3. “Хуҷанд” - 7 имтиёз; 4. “Дордой” - 4 имтиёз.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи “Марказ” ду дастае муайян шуданд, ки барои роҳхат ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқа рақобат мекунанд.

Тақдири зинаи аввал дар гурӯҳи «D» дар даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ, дар бозии байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир”, ки санаи 26 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, ҳал мешавад. Барои даст ёфтан ба даври минбаъдаи мусобиқа “Истиқлол”-ро зарур аст, ки дар ин вохӯрӣ ғалаба ба даст орад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.