Мунтахаби футболи Тоҷикистон мусобиқаи марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футболро дар гурӯҳи «F» бо пирӯзӣ оғоз намуд.

Дар майдони худ шогирдони Усмон Тошев бо ҳисоби 1 бар 0 тими мунтахаби Қирғизистонро шикаст доданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 42-юм Алишер Ҷалилов ба ҳадаф расонид, ки бори нахуст ба дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ даъват шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозии Тоҷикистону Қирғизистонро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 17 ҳазору 800 нафар мухлисон тамошо карданд.

Сурат: ФФТ

Дар бозии дигари гурӯҳи «F» мунтахаби Муғулистон дар майдони худ тими Мянмаро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард.

Бозии дуюми мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо дастаи Муғулистон баргузор мешавад. Ин бозӣ рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батор соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

1/13

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.