Шоҳмотбози тоҷик, чемпиони Тоҷикистон дар соли 2019 Ҷамшед Исоев дар Чемпионати Осиё миёни калонсолон медали тилло ба даст овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон дар ду синну сол – аз 50-сола боло ва аз 65-сола боло аз рӯи се равия – рапид, классикӣ ва блитс аз 8 то 18 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд. Дар мусобиқа 70 шоҳмотбоз аз 16 давлати қора иштирок карданд.

Гуфта мешавад, Ҷамшед Исоев – ягона намояндаи Тоҷикистон – миёни иштирокчиёни аз 50-сола боло дар равияи блитс ҷойи якумро ишғол кард. Ӯ аз 9 холи имконпазир 8 хол ба даст овард.

Дар 7 бозӣ бар намояндагони Қазоқистон (4 нафар), Эрон, Сурия, Қирғизистон ғалаба карда, ду бозиро бо шоҳмотбозони Қазоқистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом дод. Дар ин равия Азиз Умарбеков аз Қирғизистон бо 8 хол ҷойи дуюм, Серикбай Темирбаев аз Қазоқистон мавқеи сеюмро ишғол намуданд.

Шоҳмотбози соҳибтаҷрибаи тоҷик дар равияҳои рапид ва классикӣ низ бозӣ намуда, вале бахташ омад накард. Дар равияи рапид бо 4 хол дар ҷои 16-ум ва дар шоҳмоти классикӣ бо 5 хол дар ҷои 9-ум мавқеъ ёфт.

Зимнан ба варзишгароне, ки дар шоҳмоти классикӣ (аз 50-сола боло то мавқеи 6-ум, аз 65-сола боло ҷойи то 5-ум)-ро сазовор шуданд, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 доллари ИМА тақдим шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.