Дар бозии аввали мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳисоби 9:0 бар ҳамсолони худ аз Малдив дастболо шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии дигар дар гурӯҳи “С” байни дастаҳои Сурия ва Лубнон мусовӣ - 1:1 анҷом пазируфт.

Дар даври дуюми мусобиқа футболбозони ҷавони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 4-уми октябр бо дастаи Лубнон бозӣ мекунанд.

Ин бозӣ соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мешавад. Дар бозии дигари гурӯҳ соати 16:00 дастаҳои Сурия ва Малдив вомехӯранд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои даври интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи зинаи дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои беҳтарин ба даври финалии Чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.