Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври плей-оффи Лигаи чемпионҳои КФО аз тими мизбон “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, тӯби ягонаро дар ин вохӯрӣ футболбозони араб дар дақиқаи 91-уми бозӣ аз зарбаи 11-метра ба ҳадаф расониданд.

Гуфта мешавад, акнун “Истиқлол” дар минтақаи Марказии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи «D» қаҳрамони Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқа бо тимҳои “Дордой” (Қирғизистон), “Олтин-Асир” (Туркманистон) ва ғолиби ҷуфти плей-офф рақобат хоҳад кард.

Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар марҳилаи плей-офф бо ғолиби даври интихобии вохӯрӣ байни тимҳои “Нефтчӣ” (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон) бозӣ мекунад.

Бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар минтақаи Марказӣ 11-уми март оғоз мешаванд. Дар даври аввал “Истиқлол” дар майдони худ тими ғолиби ҷуфти марҳилаи плей-оффро қабул мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.