Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯйхати стипендиягирандагони олимпиро бозбинӣ намуда, ба он тағйирот ворид кард. Федератсияҳои миллӣ номи 27 варзишгарро пешниҳод намуда, Кумита бо назардошти натиҷаҳо ва дурнамои иштироки онҳо дар олимпиада ҳамагӣ 15 нафарро интихоб кард.

Ба рӯйхати стипедиягирандагон номи 6 варзишгар илова шуд: Мирмамад Шакармамадов (дзюдо), Муҳаммад Икромов (гӯштини тарзи озод), Мубинҷон Аҳмедов (гӯштини тарзи классикӣ), Мижгона Самадова (бокс), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (таэквондо ВТФ), Муниса Ойматова (таэквондо ВТФ).

Аз рӯйхат 6 нафар варзишгарони зерин, ки қаблан стипендияҳои олимпӣ мегирифтанд, хориҷ карда шуданд: Шоҳида Қаландарова (дзюдо), Нилуфар Бобоёрова (бокс), Шоира Зулкқйнарова (бокс), Суҳроб Абдулхаев  (гӯштини юнониву римӣ), Саидҷон Гулов (гӯштини тарзи озод), Манижа Мадкаримова (таэквондо).

Рӯйхати нави стипендиягирандагони олимпӣ акнун чунин аст:

Шаббос Неъматуллоев ва Баҳодур Усмонов (ҳар ду - бокс) – 600-долларӣ;

Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён (ҳама – дзюдо), Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ)  – 550-долларӣ.

Темур Раҳимов (дзюдо) - 500 доллар.

Мирмамад Шакармамадов (дзюдо) – 400 доллар

Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук), Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТ) - 300-долларӣ)

Муҳаммад Икромов (гӯштини тарзи озод), Мубинҷон Аҳмедов (гӯштини тарзи классикӣ) – 250-долларӣ.

Мижгона Самадова (бокс), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов, Муниса Ойматова (ҳар ду- таэквондо ВТ) –200-долларӣ.

Қаблан зикр гардида буд, ки Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) муҳлати расонидани кумаки молиявиро ба кумитаҳои миллии олимпӣ то 31 августи соли 2021 дароз карда, барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ, ки ба соли оянда гузаронида шуданд, 25,3 млн доллар маблағи иловагӣ ҷудо кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.