Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) аз 25 август то 8 сентябр дар шаҳри Гулистон давраи тамрину омодагӣ мегузаронад.

Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи ин машқҳо баргузории ду бозии рафиқона бо ҳамсолон аз тими Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Сармурабии даста Мубин Эргашев 23 бозигар - 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро ба ин машқҳо даъват кардааст.

Бозигарони дастаи “Локомотив-Помир” дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоев ва ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров пас аз бозии рафиқонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон, ки 3 сентябр дар Тошканд доир мегардад, ба сафи даста ҳамроҳ мешаванд.

Дар доираи ҷамъомади машқу омодагӣ дар Гулистон баргузории 2 бозии дӯстона бо ҳамсолон аз тими Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст. Бозиҳо рӯзҳои 3 ва 6 сентябр дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

Дар Чемпионати Осиё-2020 байни мунтахабҳои футболи ҷавонони синни то 19-сола, ки аз 14 октябр то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Майлайзия (16 октябр), Яман (19 октябр) ва Қатар (22 октябр) рақобат мекунад.

Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонон ба Чемпионати ҷаҳон-2021 (U-20) дар Индонезия роҳхат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.