Размкори маъруфи Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедов пагоҳ, 24 октябр дар ҷазираи муҳорибаҳо дар Абу-Даби дар қувваозмоӣ бо Ҷастин Гэтжи унвони қаҳрамони UFC-ро ҳимоя мекунад.

Муҳорибаи Нурмуҳаммедов ва Гэтжи дар доираи мусобиқаи UFC 254 дар маҷмааи махсус барои ин қувваозмоӣ омодашуда дар ҷазира доир мегардад. Ин муҳориба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар ММА дар соли 2020 шуморида шуда, таваҷҷуҳи мухлисони сершуморро ҷалб кардааст.

Размкори 32-солаи доғистонӣ Нурмуҳаммедов дар 28 муҳориба 28 пирӯзӣ ба даст овардааст. Амрикоӣ Гэтжии 31-сола дар 22 муҳориба ғолиб омада, дар 2 қувваозмоӣ шикаст хӯрдааст.

Дар нишасти матбуотии ниҳоӣ пеш аз муҳориба Ҳабиб малакаҳои ҳарифро дар қувваозмоии рост истодан баланд арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки ба 100 маротиба афтондани амрикоӣ талош хоҳад варзид.

Дар навбати худ Ҷастин Гэтжи қайд кардааст, ки дар гӯштин аз қаҳрамони амалкунанда ҳеҷ камие надорад. Инчунин ӯ дар бораи бо кадом роҳу восита дар қувваозмоӣ ғолиб шуданаш нақл кардааст.

Президенти Чемпионати мутлақи ҳарбкорон Дана Уайт пешакӣ ғолиби эҳтимолиро номбар накарда, лекин изҳор доштааст, ки дар сурати пирӯзӣ Нурмуҳаммедов сарфи назар аз дараҷаҳои вазн, дар раддабандии ҳарбкорон зинаи аввалро ишғол хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки вақти оғози муҳорибаҳои UFC 254 соати 19.15 (ба вақти Душанбе), муҳорибаҳои гурӯҳи аввал соати 23.00 таъин шудааст. Муҳорибаи асосии шом Ҳабиб - Гэтжи тахминан баъди нимашаб вобаста ба вақти баргузории муҳорибаҳои пешакӣ оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.