Бозингари ҷавони тоҷик, ҳамлагари мунтахаби миллӣ ва ҷавонони футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар ҳайати дастаи “Динамо-авто” дар чемпионати Молдова ба задани голи навбатӣ муваффақ шуд.

Дар чемпионати Молдова Самиев ҳамагӣ  дар 7 бозӣ иштирок карда, ба задани 2 тӯб даст ёфт. Пас аз 20 давр дастаи Шаҳром Самиев бо касби 28 имтиёз дар зинаи 5-уми ҷадвал қарор дорад.

 

Сурат: sports.tj

Ислом Зоировро дар “Химки” месанҷанд

Боз як бозингари мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров дар тими “Химки”-и Премйер-лигаи Русия аз давраи санҷишӣ мегузарад. Нимҳимоятгари 18-сола то 16 декабр бо ин даста машқ карда, дар сурати аз санҷиш муваффақона гузаштан, бо ин даста қарордод ба имзо мерасонад.

Ислом Зоиров
Сурат: ФФТ

Қобили зикр аст, ки айни замон сармураббии дастаи “Химки” дастпарвари футболи Тоҷикистон ва ҳимоятгари тими миллӣ Игор Черевченко мебошад. Пас аз анҷоми марҳилаи якуми мусобиқаи Премйер-лигаи Русия дастаи “Химки” зинаи 12-уми ҷадвалро ишғол мекунад.

Фатҳуллоев ба Ҳиндустон одат мекунад

Нимҳимоятгари 30-солаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев дар тими “Ченнайин”-и Суперлигаи Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Фатҳулло Фатҳуллоев (аз чап)
Сурат: шабакаҳои иҷтимоӣ

Қарордоди ӯ бо ғолиби дукаратаи Суперлигаи Ҳиндустон ба муҳлати 6 моҳ бо имкони дароз кардани он баста шудааст. Дар вохӯрии навбатии даста Фатҳулло дар дақиқаи 56-ум ба майдон баромада, дар чанде аз лаҳзаҳо маҳорату хуби бозӣ нишон дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.