Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) имсол бори нахуст рейтинги тимҳои мунтахабро ба нашр расонид. Бо касби 1144 имтиёз мунтахаби миллии Тоҷикистон дар он зинаи 120-умро ишғол кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, мунтахаби футболи Тоҷикистон имсол дар Дубай бо тими Урдун ду бозӣ (0:2 ва 1:0) ду бозӣ гузаронид.

Дар раддабандии моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи 121-ум қарор дошт. Он замон дастаи Тоҷикистон 1143 имтиёз дошт, ки 5 имтиёз зиёдтар аз моҳи ноябри соли 2020 аст.

Миёни кишварҳои Осиё Тоҷикистон мақоми 22-юмро ишғол мекунад. Дар Осиё зинаи аввалро бо 1502 хол тими Ҷопон (зинаи 27-ум дар ҷаҳон), мақоми дуюмро бо касби 1496 имтиёз дастаи Эрон (29-ум дар ҷаҳон) ва ҷойи сеюмро Кореяи Ҷанубӣ бо 1465 хол (38-ум дар ҷаҳон) касб кардаанд.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи аввал, дар Осиё - ҷойи 12-ум ва дар ҷаҳон дар мақоми 85-ум ҷойгир шудааст.

Бозии наздиктарини худро мунтахаби Тоҷикистон дар доираи даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаи Муғулистон мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, соати 18:00 оғоз мегардад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.