Дар шаҳри Гулистон рӯзи 11 март мусобиқаи 3-юми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз гардид, ки дар он 11 даста иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар гурӯҳи “А” тими “Хатлон”-и Бохтар дастаи “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, дар вохӯрии дигар “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 1:0 бар тими “КМВА” (ЦСКА)-и Душанбе дастболо шуд.

Гуфта мешавад, дар гурӯҳи “Б” мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳисоби 2:1 бар дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ пирӯз шуда, “Равшан”-и Кӯлоб ба дарвозаи ҳайати ҷавонони тими “Истиқлол”-и Душанбе 5 тӯби беҷавоб равона кард.

ФФТ

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои даври дуюми мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 рӯзи шанбе, 13 март баргузор мешаванд.

Мутобиқи Тартиби баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 ду дастаи бо нишондодҳои беҳтарин дар гурӯҳҳо мақоми якумро ишғол намуда, барои муаяйн кардани ғолиб дар бозии ниҳоӣ рӯзи 19 март вомехӯранд.

Инчунин, баъди ҷамъбасти натиҷаи марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, бозиҳо барои ҷойҳои таскинбахши 3-4, 5-6, 7-8 ва 9-10 доир мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.