Дастаҳои иштирокчии бозии финалии мусобиқаи сеюми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон муайян шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар бозии финалии рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта, 19 март ду намояндаи вилояти Хатлон - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бозӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 18 март дар варзишгоҳҳои “Баҳористон ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон (вилояти Суғд) бозиҳо барои ишғоли ҷойҳои 3-4-ум, 5-6, 7-8 ва 9-10-ум баргузор мешаванд.

Аз ҷумла, рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта (18 март) дастаҳои “Кӯктош” ва “Эсхата” барои дарёфти ҷойҳои 9-10-ум, КМВА (ЦСКА) ва Хуҷанд-2” - барои ҷойҳои 7-8-ум, “Душанбе-83” ва Истаравшан” - барои ҷойҳои 5-6-ум, “Хатлон” ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷойҳои 3-4-ум рақобат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.