Бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 дар гӯрӯҳи “А” байни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Шубоб Ал-Аҳли Дубай” мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт.

Ин вохӯрӣ 15 апрел дар Варзишгоҳи байнулмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои ФФТ, бозии дигари ин гурӯҳ байни тимҳои “АГМК (Ӯзбекистон) ва “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ни мусовӣ - 2:2 ба охир расид.

Тибқи Тартиби баргузории ин мусобиқа, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ ҳамаи ғолибони панҷ гурӯҳ ва боз се дастаи нишондодашон беҳтарин аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳ меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.