Дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 дар гурӯҳи “А” тими “Истиқлол”-и Душанбе дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ҳисобро футболбозони “Ал-Ҳилол” боз намуда, лекин футболбозони тоҷик дар идома ба дарвозаи ҳариф 4 гол заданд. Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ду голӣ ба ҳадаф расониданд.

Ба туфайли ин ғалаба қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали гурӯҳи “А” баромад. Зинаи дуюмро “Ал-Ҳилол” бо 7 имтиёз, зинаҳои сеюму чорумро бо 4-холӣ “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (АМА) ва АГМК (Ӯзбекистон) ишғол мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дастаи футболи “Ал-Ҳилол” қаҳрамони 16-каратаи Арабистони Саудӣ ва 3 маротиба ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.

Бозии давраи панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021-ро “Истиқлол” рӯзи сешанбе, 27 апрел бо тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” баргузор мекунад. Бозӣ соати 23:55 дақиқа бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.