Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Душанберо ҷойи баргузории бозии даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб байни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Персеполис” (Эрон) тасдиқ намуд.

Ин вохӯрӣ рӯзи сешанбе, 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, вақти оғози бозӣ баъдтар тасдиқ карда мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

“Бозии дигари давраи 1/8 финалӣ байни тимҳои “Шарҷа” (АМА) ва “Ал-Ваҳда” (АМА) дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.

Бо қарори КФО ду бозии давраи 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб: Истиқлол” (Эрон) - “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) - “Трактор” (Эрон) бояд дар майдони бетараф (нейтралӣ) баргузор шаванд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 қаҳрамони футболи Тоҷикистон - “Истиқлол” бо касби 10 имтиёз дар гурӯҳи “А” зинаи аввалро ишғол намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.