Як давраи таърихи дастаи “Барселона”-и Испания ва футболи ҷаҳон ба охир расид: Лионел Месси дар ниҳояти кор ин дастаро тарк мекунад. "Барселона" рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки бозингари аргентинии 34-сола бинобар мушкилиҳои молиявӣ ва сохторӣ ба рафтан аз тим маҷбур шудааст, хабар медиҳад ВВС.

"Аз ин рӯ, Месси наметавонад дар “Барселона” бимонад. Ҳарду ҷониб изҳори таассуф мекунанд, ки хоҳишҳои футболбоз ва даста дар ниҳояти кор ба воқеият табдил наёфтаанд", - омадааст дар иттилоияи “Барселона”.

Қарордоди Месси бо “Барселона” аввали моҳи июл ба охир расида, ӯ агенти озод шуд (яъне акнун ӯ бидуни пардохти ҷубронпулии калон аз ҷониби дастаи нав, метавонад ба дастаи дигар гузарад).

Сурат: eurosport.ru

Ба анҷоми муҳлати қарордод Месси розӣ шуд, ки минбаъд низ бо маоши кам дар даста бозӣ кунад, лекин мондани ӯ ба он вобаста буд, ки оё "Барселона" метавонад дигар бозигаронро фурӯшад ва ин ҳадди ақал як қисми монеаҳои молиявие мебошад, ки дар иттилоия зикр шудааст.

Месси ҳанӯз  соли гузашта, як сол қабл аз анҷоми муҳлати қарордод бо як ҷанҷол “Барселона”-ро тарк карданӣ буд, аммо дар ниҳоят тасмим гирифт, ки дар он бимонад.

Футболбози аргентинӣ тӯли ҳунарнамоӣ дар дастаи “Барселона” ба дарёфти тамоми ҷоизаҳо дар сатҳи тимҳо шарафёб гардид.

Сурат: Reuters

Ҳоло маълум нест, ки ситораи футбол минбаъд дар куҷо бозӣ мекунад. Расонаҳои варзишӣ тахмин мезананд, ки Месси метавонад ба бошгоҳи "Манчестер Сити"-и Англия, назди Пеп Гвардиола равад. Солҳои 2008-2012 Пеп Гвардиола сармурабии "Барселона" буд ва бо Лионел муносибати хеле хуб дорад.

Лео Месси ҳанӯз дар синни 13-солагиаш ба Барселона омада буд. Вай аз соли 2004, аз синни 17-солагӣ дар ҳайати асосии “Барселона” бозӣ карда, тӯли 17 мавсим ба дарвозаи ҳарифон 672 тӯб ворид кардааст. Дар мавсими гузашта низ ба задани 38 гол ноил гардид.

Моҳи июни соли равон Месси ба дарёфти ҷоиза бо тими мунтахаб низ мушарраф гардид: дар вохӯрии финалии Ҷоми Амрико мунтахаби Аргентина Бразилияро бо Неймар мағлуб кард.

Соли 2014 мунтахаби футболи Аргентина бо Месси ба бозии финалии Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфта, лекин аз тими Олмон шикаст хӯрд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.