Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе 3-5 октябри соли равон 8-умин Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мусобиқа 133 варзишгар аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус ширкат карда, дар 4 вазн (-66кг, -81кг, -90кг, +90кг) қувваозмоӣ намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони 8-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо:

-66кг

1. Дилшодбек ЮЛДОШЕВ (UZB)

2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (TJK)

3. Ориф ДОДОВ (TJK)

3. Абубакр БОҚИЕВ (TJK)

-81кг

1. Умар РАСУЛОВ (TJK)

2. Раҳматулло ФАРҲОДОВ (TJK)

3. Шодмон РИЗОЕВ (RUS)

3. Хусрав АЛАМОВ (TJK)

-90кг

1. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (TJK)

2. Шермуҳаммад ҶАНДРЕЕВ (UZB)

3. Исроил РАҲИМОВ (TJK)

3. Достон МЕЙЛИЕВ (UZB)

+90кг

1. Темур РАҲИМОВ (TJK)

2. Антон БРАЧЕВ (RUS)

3. Бекмурод ОЛТИБОЕВ (UZB)

3. Шоҳруххон БАХТИЁРОВ (UZB)

1/3

Гуфта мешавад, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо мукофотпулӣ қадр карда шуданд. Ба ғолибони мусобиқа 30 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин ҷом, ба барандагони медали нуқра 10 ҳазор сомонӣ ва ба барандагони медали биринҷӣ 5 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Зикр мегардад, ки Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо бори аввал соли 2013 дар ду вазн (-81кг, вазни мутлақ), солҳои 2014, 2015, 2016, 2017 дар вазни мутлақ доир гардида буд.

Солҳои 2018 ва 2019 рақобатҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 7 вазн миёни мардҳо сурат гирифта буд. Соли гузашта чорабинӣ бо сабаби пандемияи коронавирус баргузор нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.