Варзишгари маъруфи кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев дар даври аввали қувваозмоиҳои вазни -80кг-и Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс бар намояндаи Олмон Силвио Сшерле пирӯз шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Шаббос Негматуллоев дар даври дуюм 30 октябр бо Самуел Камара аз Сера Леон муҳориба мекунад. Самуел дар даври аввал озод буд.

Гуфта мешавад Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Белгради Сербия 24 октябр оғоз шуд ва то 6 ноябр идома меёбад. Миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард.

Ҷумҳурии моро дар 11-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд: Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Баҳодур Усмонов (63.5кг), Саидикром Амонов (67кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Шаббос Негматуллоев (80кг), Парвиз Каримов (92кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (+92кг).

Гуфта мешавад, варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов сабқатҳои ҷаҳониро ҳакамӣ менамояд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷоизапулии назаррас тақдим мегардад. Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс-2021 2,6 миллион доллар муқаррар шудааст. Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 100 000 доллар, ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим хоҳад шуд.

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ 3 медали биринҷӣ ба даст овардаанд: Абдусалом Ҳасанов соли 2003 дар Бангкоки Тайланд дар вазни 57кг, Шералӣ Достиев соли 2005 дар Мйаняни Чин дар вазни 48кг ва Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон дар вазни 56кг.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.