Дар мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 10 то 12 апрел дар Бишкек доир мегардад, мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тимҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал рақобат мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ Тоҷикистон ба гуруҳи “В”-и минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи даври интихобӣ шомил шуд.

Гуфта мешавад, гуруҳи “А” аз дастаҳои мунтахаби Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Малдив иборат аст.

Қобили зикр аст, ки ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25 сентябр то 20 октябр дар Кувейт баргузор мешавад, ду дастаи беҳтарини ҳар кадоме аз гурӯҳҳо роҳ меёбанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.