Мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон дар Душанбе бозии сеюми худро гузаронид.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин вохӯрӣ футболбоззанони тоҷик аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 8 шикаст хӯрданд.

Сурат: ФФТ

Дар бозии дигар байни дастаҳои Эрон ва Қирғизистон футболбоззанони эронӣ ба дарвозаи ҳарифон даҳ тӯби беҷавоб ворид намуданд.

Ба ин тариқ, баъди се давр мунтахаби Эрон бо касби 9 имтиёзи имконпазир пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқа мебошад. Дастаи Ӯзбекистон бо шаш имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад. Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон ҳар кадоме бо касби якхолӣ дар зинаҳои 3 ва 4-уми ҷадвал қарор доранд.

Бозиҳои марҳилаи дуюми Чемпионати CAFA оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон имрӯз, 25 январ баргузор мешаванд. Соати 15:00 бозии байни дастаҳои Эрон ва Қирғизистон оғоз гардида, соати 18:00 мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Нахустин дар таърих Чемпионати CAFA оид ба футзал байни мунтахабҳои занон дар Душанбе дар ду марҳила ду даврӣ баргузор шуда, ҳар кадоме аз дастаҳо шаш бозӣ мегузаронад.

Дар мусобиқаи ҳамагӣ 12 бозӣ доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзи бештари касбкарда муайян карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.