Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2022 дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, ғолиби соли гузаштаи ин мусобиқа - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар гуруҳи “А” бозӣ мекунад, бори сеюм пайдарпай пирӯзӣ ба даст оварда, ин дафъа тими КМВА (ЦСКА)-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард ва ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Дастаи дуюме, ки  ба даври финалии мусобиқа аз гуруҳи “А” роҳхат мегирад, пас аз баргузори панҷ даври марҳилаи интихобӣ дар гуруҳ муайян мешавад.

Дар гуруҳи “Б” мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо касби 9 холи имконпазир аз 3 давр  ва пирӯзӣ дар бозии охир бар дастаи “Душанбе” бо ҳисоби 5:0 ба даври финалӣ роҳхат гирифт.

Дар гуруҳи “Б” дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода низ тими “Файзканд”-и Восеъро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда, ба роҳхати даври финалӣ соҳиб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.