Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои ду даври аввали Coca-Cola - Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олиро тасдиқ кард.

Дар чемпионати 31-юми Тоҷикистон оид ба футбол 10 даста иштирок мекунанд: «Истиқлол», КМВА (ЦСКА) - ҳар ду даста аз Душанбе, «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳар ду даста – аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод).

Мавсими нави Coca-Cola - Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе, 2 апрел оғоз гардида, бо формулаи (шакли) нав баргузор мешавад.

Дар марҳилаи аввал 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Холҳои дар марҳилаи аввал гирифта нигаҳ дошта мешаванд.

Панҷ дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал дар гурӯҳи “А” бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-уми ҷадвал рақобат мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар гурӯҳи “В” барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум бозӣ карда, ду дастаи зинаи охири ин гурӯҳ лигаи олиро тарк ва ба лигаи якум мегузаранд.

Дар Чемионати футболи Тоҷикистон-2022 дар лигаи олӣ ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад.  

Ҷадвали ду даври аввал:

Даври 1-ум

Оғози бозиҳо - соати 16:00

2 апрел (шанбе)

«Файзканд» – «Истаравшан»

«Истиқлол» – КМВА (ЦСКА) –  Ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Зафаробод)

3 апрел (якшанбе)

«Эсхата» – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб)

Даври 2-юм

Оғози бозиҳо - соати 16:00

8 апрел (ҷумъа)

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – Ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд

«Эсхата» – «Файзканд»

9 апрел (шанбе)

 «Истаравшан» – «Хатлон»

10 апрел (якшанбе)

 «Хуҷанд» – «Равшан» (Зафаробод)

КМВА (ЦСКА) – «Регар-ТадАЗ».

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.