Рӯзҳои 19-24 апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба куштӣ баргузор мешавад.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) хабар медиҳад, барои ширкат дар чемпионат 270 варзишгар аз 18 давлати қора дархост пешниҳод кардаанд.

Гуфта мешавад, аъзои дастаи мунтахаби гуштини тарзи озоди Тоҷикистон – Муҳаммад Икромов (-61кг), Шуҳрат Бозоров (-79кг) ва Искандари Рустам (-125кг) дар мусобиқаи сатҳи баланди қоравӣ ширкат хоҳанд кард.

Зикр мегардад, ки Чемпионати Осиё 19 апрел бо қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ оғоз мегардад, 21-22 апрел бонувон, сипас 23-24 апрел гуштингирони тарзи озод сабқат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Искандари Рустам барандаи 2 медали нуқра (2012, 2013) ва 2 медали биринҷии (2014, 2020) Чемпионати Осиё дар вазни 97кг ва Муҳаммад Икромов барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни 61кг (2020-Деҳлӣ) мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.