Шӯрои байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (IFAB) дар ҷаласаи рӯзи 13 июн дар Давҳа ба қоидаҳои футбол расман тағйирот ворид намуда, қоидаи ба таври доимӣ иваз кардани 5 футболбозонро дар вақти бозӣ тасдиқ кард.

Дар маҷлиси солона таҳти раисии президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, ки дар он намояндагони ФИФА, Ассотсиатсияҳои футболи Англия, Ирландия, Шотландия, Уэлс ва дастгоҳи IFAB иштирок карданд, инчуин озмоиши ҷории ивази футболбозон бо сактаи майнаи сар, алтернативаҳои имконпазири офсайд (ҳолати нобозӣ) ва барномаҳои навтарини технологӣ барои дастгирии шахсони расмии бозӣ баррасӣ шуданд.

Шумори ивази футболбозон аз 3 то 5 нафар моҳи майи соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус муваққатан зиёд шуда, дар натиҷа ин иқдом аз ҷониби тамоми ҷомеаи футбол дастгирӣ ёфт. Қоидаи мазкур аз 1 июли соли 2022 мавриди амал қарор мегирад.

Ҳамчунин IFAB тасмим гирифт, ки шумори ниҳоии футболбозонро барои захира (запас) дар бозӣ аз 12 то 15 нафар бозингарон зиёд кунад.

Барои иваз кардани футболбозон дастаҳо танҳо 3 маротиба ба боздоштани ҷараёни бозӣ ҳуқуқ доранд. Аз ин рӯ, барои истифодаи ҳамаи 5 иваз, бозингаронро метавон дар вақти танаффус ё дар як вақт якчанд бозингарро иваз намуд.

Эҳтиром гузоштан ба доварон мушкилоти глобалӣ унвон шуда, иштирокчиёни машварат розӣ шуданд, ки барои ҳалли он тадбирҳо таҳия мекунанд, аз ҷумла роҳандозии озмоиши камераҳо дар тан (бадан), ки доварон онҳоро дар футболи оммавии калонсолон бо худ доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.