Дар Гурҷистон рӯзи 26 ноябр мусобиқаи пурқувваттарин дастаҳои бошгоҳии Аврупо Лигаи қаҳрамонҳо оид ба ҷудо баргузор шуд.

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар ҳайати бошгоҳи “Ред Стар” (Сербия) ҳунарнамоӣ карда, ба дарёфти медали нуқраи Лига шарафёб шуд.

Зинаи аввалро соҳибони майдон аз бошгоҳи “Файтерс Тбилиси” (Гурҷистон) ишғол намуданд.

Бошгоҳҳои "Голден Гори" (Гурҷистон) ва "Штабия" (Испания) ба медаҳои биринҷии мусобиқа соҳиб шуданд.

Аз 8 бошгоҳе, ки дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳо иштирок карданд, 3-тоаш Гурҷистон, 2 - Фаронса ва 1-тогӣ Сербия, Испания ва Юнонро намояндагӣ карданд. Мусобиқа дар 5 вазн - 66, -73, -81, -90, +90 кг сурат гирифта, Раҳимов дар вазни +90 кг қувваозмоӣ кард.

Қобили зикр аст, ки Темур Раҳимов ҳоло ҳам дар мақоми аввали радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 100 кг қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Большой шлем), ки аз 4 то 6 ноябр дар Боку баргузор шуд, Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кг ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

Барои ғалаба дар Боку шаҳрдории Душанбе ба Темур Раҳимов хонаи дуҳуҷрагӣ ҳадя кард.

Ба ғайр аз медали тилло дар Боку, Темур Раҳимов имсол дар Абу-Дабӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб), Тел-Авив (Исроил) ва Анаталия (Туркия) медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.