Дастаи футзали “Соро компания”-и Душанбе соли сеюм ва пайиҳам барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин дафъа шогирдони Пайрав Воҳидов бар дорандаи медали нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал 13 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, 1200 тамошобинро ба ҳам овард.

Голҳоро аз ҳайати «Соро компания» легионерҳои эронӣ Муҳаммад Герованд ва Муҳсин Муҳаммадзода, инчунин Дилшод Саломов ба самар расониданд. Аз ҳайати «Истиқлол» Комрон Алиев ва Насратшо Исмоилов муаллифи гол шуданд.

Беҳтарин дарвозабони бозии Суперҷом дарвозабони эронии «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ дониста шуд. Ҷоизаи «Fair Play» ба бозигари «Истиқлол» Комрон Алиев тақдим гардид. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ ҳимоятгари «Соро компания» Дилшод Саломов эътироф шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.