Додгоҳи ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд 7 январ баррасии парвандаи пурсарусадои додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодировро оғоз кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бо истинод ба як мансабдори ӯзбек, парвандаи Қодиров пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад.

"Додраси парванда муовини раиси Додгоҳи шаҳри Тошканд Акбар Туробов аст. Дар бораи ҷузъиёти муҳокима ҳатто ба хешони гумонбарон хабар дода намешавад. Дақиқан гуфта наметавонам, ки ба мурофиаи имрӯза чанд гумонбар оварда шудаанд. Тахминан 15 нафар буданд. Пеш аз оғози он ба назди бинои додгоҳ мошини "Ёрии таъҷилӣ" омад, ки зоҳиран Мирғулом Мирзоев низ ҳузур дошт”, - гуфтааст ҳамсуҳбати нашрия.

Гуфта мешавад, Мирғулом Мирзоев, муовини аввали пешини додситони Тошканд, ки дар давраи раҳбарии президенти пешин Ислом Каримов яке аз чеҳраҳои таъсиргузори Ӯзбекистон шумурда мешуд, моҳи феврали соли 2018 бо ҷурми сӯистифода аз мақом ва гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон дастгир шуд. Тирамоҳи соли гузашта хабар дода шуд, ки ӯ ба бемористони Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон интиқол ёфтааст.

Рашид Қодирови 66-соларо, ки 15 соли ахир додситони кулли Ӯзбекистон буд, моҳи апрели соли 2015 аз мақом барканор ва 22 феврали соли 2018 дар шаҳри Тошканд бо гумони як қатор ҷиноятҳо дастгир карданд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 майи соли гузашта дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Улуғнор гуфт, “ҳоло додситони кул бо гуруҳаш дар зиндон аст. Пас аз ду – се моҳ тавре мекунам, ки ба воситаи телевизион ҳама чизро бигӯяд. Зеро ӯ дар ҳама ҷой коррупсияро паҳн кард. Аз ҳар додситони ноҳия 30-40 ҳазор доллар мегирифтааст. Дузди воқеӣ буд. Бинобар ин, аз мақомоти додситонӣ 70%-и кормандон барканор шуданд. Шахси бовиҷдонеро ба ҷои ӯ таъйин кардам. Агар касе хиёнат кард, аз пушти ӯ хоҳад рафт”.

Зикр мегардад, ки Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон 5 марти соли 2018 писари 39-солаи Қодиров – Алишерро низ бо ҷурми қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ таҳти пайгард қарор дод. Зидди падару писар ба маблағи ним миллиард доллар даъво ва шикоят шудааст.