Бонки миллии Тоҷикистон аз корбарони хизматгузориҳои бонкӣ дархост мекунад, ки дар бораи камбдиҳои кор, ки дар ташкилотҳои қарзӣ ба онҳо дучор мешаванд, хабар диҳанд.

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки ин ба бартараф кардани мушкилиҳо зимни хизматгузории бонкҳо ба мизоҷон ва ҳимояи ҳуқуқҳои корбарони ин хизматгузориҳо кумак мекунад.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ин тадбир бо мақсади пешбурди сиёсати cозандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати молиявӣ амалӣ мешавад.

Ҳамчунин ин иқдом ба ҳифзи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, барои қабули арзу шикоят ва эроду пешниҳод нисбати хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ ва зерсохторҳои онҳо роҳандозӣ мегардад.

Гуфта мешавад, дар баробари телефони боварӣ +(992) 44- 600-15-20 ва суроғаи электронии mailto:[email protected])/[email protected]%20 Бонки миллии Тоҷикистон, корбарон ба суроғаи электронии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо нишонаи mailto:[email protected]@nbt.tj%20муроҷиат карда метавонанд, ки арзу шикоятҳо бевосита аз ҷониби Раиси БМТ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар баробари ин телефони +(992) 44- 600-31-41 барои қабули арзу шикоят ва пешниҳодҳо нисбати фаъолияти низоми бонкӣ фаъол мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.