Коргардон ва актёри маъруф, Ходими шоистаи Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев 54-сола шуд.

Моҳи январи соли равон ҳунарманди маъруфи театру кино сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин шуд. То ин дам ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Бохтар роҳбарӣ мекард.

Ӯ ҳамчун коргардони филмҳои мустанад ва актёр машҳур буда, лекин бештар ба туфайли ҳаҷвнигориаш маъруфият дорад.

Барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин” писанди ҳамагон аст. Дар ин барнома ҳаҷвнигор тамоми саҳнаҳоро мустақилона таҳия кардаву ҳамаи нақшҳоро ҳам шахсан худаш мебозад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.