Духтари футболбози маъруф Умед Алидодов - Ясмина Алидодова дар синни 16-солагӣ аллакай бо истеъоди хуби овозхонии худ Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА)-ро тасхир намуд. Рӯзи 15 август ӯ дар меҳмонии радиои Asia-Plus ҳузур дошт ва барои шунавандагон порчаеро аз як тарона бо овози зинда сароид.

Ясмина Алидодова ба Тоҷикистон омада, акнун таҳти сарпарастии овозхони гурӯҳи “Авесто” Таҳмина Рамазонова нозукиҳои касби сарояндагиро меомӯзад.

Ясмина Алидова аллакай барои хориҷиён шинос аст: аз замони кӯдакӣ ӯ аллакай дар барномаҳои шабакаи телевизионии маъруфи Амороти Муттаҳидаи Араб ҳунарнамоӣ намуда, дар барномаи воқеии шоуи "Кто ты?!" дар Русия иштирок кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.