Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 24 декабри соли 2019 дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолӣ ва фаъолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрокворӣ, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, қолин ва таҷҳизоти манзил, сайёҳӣ ва ғайра ҳузур хоҳанд дошт.

Дар он илова бар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Эрон, тоҷирон ва сармоягузорону ширкатҳои эронӣ ва тоҷикистонӣ фурсати муносиб барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузории муштарак хоҳанд дошт.

Охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон моҳи майи соли 2017 баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 20 ширкати эронӣ иштирок доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.