Нимҳимоятгари дастаи “Итсиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2019 дониста шуд.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи 21-уми декабр дар “Кохи Суруш”-и пойтахт доир гардид.

Ба унвони беҳтарин бозигари сол 3 нафар – дарвозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов, нимҳимоятгари ин даста Алишер Ҷалилов, инчунин собиқ капитани тими «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев довталабӣ мекарданд.

Дарвозабон Рустам Ятимов («Истиқлол»), ҳимоягар Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), нимҳимоягар Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), ҳамлагар Шериддин Бобоев («Истиқлол») бозигарони беҳтарини Лигаи олии футболи мамлакат эълон гардиданд. Виталий Левченко (“Хуҷанд”) сармураббии беҳтарин ва Насрулло Кабиров (Норак) довари беҳтарини сол эътироф  шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин маросим ба футболбозони беҳарини Лигаҳои наврасон ва занон, мусобиқаи чемпионати футзал, Лигаҳои якум ва ҷавонон, ҳамчунин собиқадорони футболи кишвар ҷоизаву мукофотҳо тақдим шуданд.

Мо чанде қабл дар Рӯзи ҷаҳонии футбол тасмим гирифтем, ки мунтахаби Тоҷикистонро бо шумули бозигарони беҳтарин дар солҳои соҳибистиқлолӣ муайян кунем.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.