Ҷашнгирии Наврӯзи имсола дар навбати аввал аз ноҳияи Данғара оғоз ёфт. Дар он ҷо фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” баргузор шуд.

Намояндагони 17 кишвари ҷаҳон – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Фаронса, Ҷопон ва ғайра аз ноҳияи Данғара боздид карданд. Ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд.

Меҳмононро бо нону асал пешвоз гирифта, анъанаҳои миллӣ, расму оинҳои наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумиро намоиш доданд.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз осорхонаи раисҷумҳур боздид карданд ва пушти мизи мактабии ӯ нишаставу акс бардоштанд.

Сипас дар варзишгоҳи марказии ноҳия консерт бо иштироки ситораҳои тоҷик доир гардид.

Нимаи дуюми рӯзи 17-уми март дар Қасри фарҳанг донишҷӯёни хориҷӣ суруду рақсҳои мамолики худро намоиш доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.